Миқдори
Сотувда 100 дона бор
Нархи
2 200 000 сўм
Хобгоҳ, ошхона, утоқҳои мусиқӣ ва таълимии муассисаи нави замонавӣ, ки барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ сохта шудааст, бо мебели нарм муҷаҳҳаз буда, бо бозичаҳо ва лавозимоти таълимӣ пурра таъминанд, барои таълим ва тарбияи кӯдакон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ, шароити муҳайёшуда, ҷараёни баргузории дарс аз фанҳои расмкашӣ, мусиқӣ, русӣ ва англисӣ шинос шуданд.
— Ба кӯдакистони мо 120 нафар фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ қабул карда шуданд, — мегӯяд роҳбари муассисаи таълими томактабӣ Ҳулкар Донишева. — Ба ҷойҳои холии боқимонда фарзандони оилаҳои маҳаллаҳои наздик қабул карда мешаванд. Инчунин, дар боғча 22 нафар занони хизматчиёни ҳарбии дорои маълумоти педагогӣ ба кор қабул карда шуданд.
Ҳамин гуна ҳодисаи хурсандибахш дар қисми ҳарбии сарҳад дар ҳудуди ноҳияи Янгиободи вилоят низ ба амал омад. Дар ин ҷо 12 хона барои оилаҳои марзбонон сохта ба истифода дода шуд.
Дар чорабинӣ ба муносибати супурдани калиди хонаҳои нав ба соҳибонашон фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ, намояндагони ҳокимияти ноҳия ва ҷомеаи васеъ ширкат варзиданд.
— Имсол Рӯзи муҳофизони Ватан барои оилаи мо ид болои ид хоҳад буд, — мегӯяд капитан Валиҷон Юлдошев, ки соҳиби яке аз хонаҳои нав шудааст. — Хона се ҳуҷра дорад, ҳама шароит мавҷуд. Ман ва оилаам аз ин ғамхорӣ миннатдорем.
Дар вилояти Ҷиззах чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ба истифода додани иншооти нав дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан идома доранд.
СТИР: 309 095 650
МФО: 01095, ALLIANCE BANK ATB
Ҳ/Р: 2020 8000 9054 6738 5002
Тўлов мақсади: Оммавий офертага асосан гаров пул ўтказиш
Тизимда муаммо борми?
© 2021-2024 — «Smart Marketplace» АК. Барча ҳуқуқлар ҳимояланган